Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ»-ро ғорат кардаанд. ВКД чанд нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин кор боздошт кардааст.
Пулиси шаҳри Хуҷанд се ҷавонро, ки интизор меравад аз терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ» пулҳоро дуздидаанд, боздошт кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбарон бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳаммаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд будаанд, ки бо роҳи кушодани сарпӯш аз 7 терминали пулгузаронии “Бонки Эсхата”, “Душанбе ситӣ” ва“Экспрес пей” дар ҳудуди маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28-и шаҳри Хуҷанд, маблағҳои пулиро тасарруф кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дуздӣ асосан шабона содир гардида, бо истифодаи асбоби металии мехкашӣ сарпӯши терминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ба истилоҳ “КЕШ-код”-ро тасарруф намуда, баъди ба даст оварани маблағ ашёи «КЕШ-код»-ро мепартофтаанд. Ин гуруҳи сенафарӣ дар ҳар "амалиёти худ" аз 2 760 сомонӣ то 12 ҳазор сомонӣ зарари фаннӣ ва пулиӣ расонидаанд.
- Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул, маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд, - хабар медиҳад ВКД.
Нисбат ба ин се ҷавон тибқи моддаи 244 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста