Шаби 14 январ кормандони ВКД ва Росгвардия бетартибиҳоро дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (қабулгоҳи муваққатӣ)-и шаҳри Екатеринбурги Русия саркӯб карданд.

Тавре Коммерсант менависад, баъди аз ҷониби кормандони пулис ошкор шудани нӯшокии спиртӣ дар зарфҳои пластикӣ, ки дар дохили нон (буханка) барои яке аз бошандагони ин марказ, шаҳрванди яке аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки бояд ихроҷ мешуд, оварда буданд, ӯ ва се ҳамҳуҷарааш ба бетартибӣ даст зада, дигаронро низ ба ин амал даъват мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ошӯб бошандагони марказ ба амволи қабулгоҳ зарари ҷиддӣ расонида, инчунин ҳангоми саркӯб кардани бетартибиҳо ангушти дасти яке аз ошӯбгарон бурида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои URA.RU, сабаби муноқиша дар он будааст, ки дар ин ҷо нисбат ба муҳоҷирон ҳамчун ба маҳбусон рафтор намуда, таҳқир мекардаанд, ҳарчанд онҳо ба кормандони марказ мефаҳмонидаанд, ки онҳо шахсони озоданд.

Президенти «Уральская ассоциация беженцев» (Иттиҳодияи паноҳандагони Урал) Людмила Лукашева изҳор доштааст, ки онҳо аз ин ошӯб огаҳанд ва кормандони иттиҳодия барои кумаки ҳуқуқӣ расонидан ба муҳоҷирон ба марказ сафарбар шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.