Донишҷӯи соли дуюми факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба декани факултаи зикршуда, дотсент Музаффар Имомназаров бо корд ҳамла кард.

Муовини ректор оид ба корҳои таълим ва идоракунии сифати таълими Донишгоҳ Маҳмуд Тошматов ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ варзид.

“Ман номи ҷавони ба декан дарафтодаро гуфта наметавонам, забон намегардад, ки ӯро донишҷӯ бигӯӣ”, - қайд кард Тошматов.

Сабаби дарафтодани донишҷӯ ба омӯзгор он будааст, ки ӯ мудом аз санҷишҳо қарздор буда, декан падари ӯро барои суҳбат ба донишгоҳ даъват кардааст.

Музаффар Имомназаров айни замон дар бемористон таҳти муоинаи табибон қарор дошта, ӯро ҷарроҳӣ кардаанд ва вазъи солимии декан қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.