ВКД хабар медиҳад, ки ду ноболиғи 17-сола  дар пойтахт ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ боздошт гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки зимни гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғ, яке аз Душанбе ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.

«Номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои «Маҷмааи варзишӣ», воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол карда, якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст», - хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ва ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.