Мақомҳои маҳаллӣ дар Ворухи Исфара мегӯянд, ки ду мактабхоне, ки аз суйи марзбонони қирғиз рабуда шудаву мавриди латукӯби онҳо қарор гирифта буданд, сахт тарсидаанд ва ду рӯзи ахир ба мактаб намераванд. Раиси маҳаллаи ҷамоати Ворух ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин кӯдакон таҳти фишори сахти руҳӣ қарор гирифтаанд.

Нисфирӯзии 25-уми апрел ҳангоми чаронидани гов дар мавзеъи чарогоҳи болотари маҳаллаи Заҳматободи ҷамоати Ворух хонандагони синфи 8 О. Ғафуров ва И. Саидовро марзбонони қирғиз рабудаву латукӯб кардаанд. Захми мушту шаллоқи марзбонони қирғиз дар бадани наврасони тоҷик мондааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ  боис ба нигаронии тунди хонандагон шудааст.   

Солеҳбой Саидов, падари И. Саидов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт ду марзбони қирғиз бо либоси низомӣ ва ду нафари дигар бо либоси мулкӣ писари ӯ ва ҳамсояашро аз чарогоҳи мавзеи Заҳматобод боздоштаву бурда латукӯб кардаанд. Ӯ гуфт, марзбонони қирғиз ин наврасонро бо чанд зарби мушт задаву писари ҳамсояро аз кӯҳ тела додаанд.   

“Бачаи маро се мушт зада ба замин ғалтонда, ба қисмати пояш бо зону задаанд, кабуд шудааст. Лекин бачаи ҳамсояро аз кӯҳ тела кардаанд, сарозер рафта қисмати синааш захмдор шуда, поёни зонуяш як ваҷаб тарошидагӣ, худи бо корд бурида барин, ки вақти тела додан пояшро санги тез буридааст. Саломатии бачи ман хуб аст, вале тарисидаанд сараш автомат гузоштаанд, инҳо макабхонанд, чунин амал  номумкин аст”,-мегӯяд Саидов.

Ӯ гуфт писараш дар синфи 8-и яке аз мактабҳои ҷамоати Ворух таҳсил мекунад, вале баъди боздошту латукӯб шуданаш аз суйи марзбонони қирғиз тарсидаву ду рӯзи охир мактаб намеравад. Вай гуфт худи ҳамон рӯз мақомоти интизомӣ ин наврасонро барои табобат ба беморхонаи Ворух бурда буданд ва ҳоло дар хона зери назари онҳост.

Бино ба гуфти Солеҳбой Саидов ин ду наврас як километр болотар аз маҳалли зисташон - Заҳматобод замони говбонӣ ва чидани гули бойчечак аз ҷониби марзбонони қирғиз рабуда шудаанд.

Аммо ҷониби Қирғизистон дар бора то кунун чизе нагуфтааст. Дар ҳамин ҳол Қирғизистон дирӯз барои ба гуфти ниҳодҳои давлатии ин кишвар рабуда шудани ду шаҳрвандаш аз суйи Тоҷикистон сафири Тоҷикистон дар Бишкекро эҳзор кардаву ба ӯ нотаи эътирозӣ супурдааст.

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи тоҷикони ҷамоати Ворух дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт марзбонони қирғиз наврасонро аз мавзеи чарогоҳи тоҷикон рабудаву бурда латукӯб кардаанд. Баъди як соати ба гуфтаи ӯ “дуздида бурдану латукӯб шудан аз суйи марзбонони қирғиз” бо дахолати мақомоти марзбонии Тоҷикистон наврасон оварда шуданд. 

Яке аз духтури беморхонаи ҷамоати Ворух мегӯяд, осеби бардоштаи кӯдакон аз лату кӯби марзбонони қирғиз ҳарчанд барои саломатӣ бисёр зараровар нест, лекин кӯдаконро таҳти фишори шадидӣ қарор додааст ва бачаҳои ноболиғ тарсидаанд. Баданашон кабуду сиёҳ харошидагӣ аст. мо духтурони беморхонаи ҷамоат онҳоро муоина кардем”,-мегӯяд ин духтур.

Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух мегӯяд, мавзеи болои маҳаллаи Заҳматобод чарогоҳи тоҷикон аст, вале марзбонон қирғиз он ҷойро мавзеъи баҳсӣ меҳисобиданд. Аммо Раҳматова мегӯяд “он ҷо саддарсад ҳудуди Тоҷикистон аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.