Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара ҳам пас аз шифо ёфтану ба кор оғоз кардан, дар нахустин рӯзи корӣ барои ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрдори Исфара ба хонаводаи афроди дар ин даргириҳо ба шоҳадат расида рафта изҳори ҳамдардиву таслияти худро иброз кардааст ва шаҳрдорӣ ба ин хонаводаҳо ёрии моддӣ расонидааст.
«Раиси шаҳр баробари изҳори таслият ба наздикону пайвандони шаҳидон, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирандешӣ мекунад. Ва илова кадрд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад», - омадааст дар хабарномаи шаҳрдорӣ.
Бояд гуфт, ки дар даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки дар миёни издиҳом қарор доошт, аз ноҳияи пушташ захм бардошта дар беморхона бистарӣ шуда буд. Ҳоло ба гуфти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ вазъи саломатияш хуб шуда, дубора сари кор баргаштааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста