Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод сокини дигари ин ноҳияро бо корд задааст.
Ба гуфтаи ВКД ин сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки аз он ном бурда нашудааст, пештар ҳам бар асоси моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.
Бино ба навиштаи дафтари матбуоти ВКД "номбурда ҳангоми дар маркази ноҳия, дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша карда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст".
Ҷабрдидаи ин ҷанҷол дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВКД аз боз шудани парванда чизе нагуфтааст ва танҳо гуфтааст, ки "аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста