Ба наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд муяссар шуд, ки дар соҳили дарёи Сир ду наврасро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд, ки яке ҳамагӣ 10-сол дошт.

Тавре маркази матбуоти КҲФ хабар медиҳад, навбатдорон ду ноболиғеро, ки  дар қаламрави шаҳри Хуҷанд дар оби дарёи Сир ғарқ мешуданд, наҷот доданд. Ин ду нафар, ки 10 ва 14 сол доштанд, сокинони шаҳри Хуҷанд буданд. Онҳо иттифоқан дар ҷойи барои оббозӣ мамнуъ шиноварӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, баъди наҷот ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуда, вазъи солимиашон хуб ва бемористон барои муоинаи духтурон бурданро рад карданд.

Кумита бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат назди кӯлу дарё ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.