Рӯзе қабл дар обҳои кишвар 5 ҷасад пайдо ва ба соҳибонашон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Шаҳринав як сокини маҳаллии 11-сола дар дарёи Қаратоғ ғарқ шуд. Ҷасади ноболиғ аз соҳили  дарё пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.

Дар шаҳри Турсунзода духтари 7-сола бо сабабҳои номаълум дар канали Заркамар  ғарқ шуд. Дар масофаи 2,5 км аз ҷойи ҳодиса ҷасади ӯро пайдо ва ба пайвандонаш супурданд.

Як духтари 9-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми шиноварӣ дар канали  Куктош аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд. Имдодгарони Маркази наҷот ҷасади ӯро аз соҳили канал пайдо  ва ба хешонаш супурданд.

Гуфта мешавад, дар дохили  сарбанди неругоҳи барқии обии ноҳияи Варзоб ҷасади зан, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шудааст. Сабабҳои марги зан мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Сокини 17-солаи пойтахт дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ 500 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва аз дарё берун оварда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.