Дар қаламрави ВМКБ, дар 38 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ заминларза бо қувваи 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер сабт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, заминларза соати 16:34 дақиқаи рӯзи 18 август рух дода, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва  дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 18 август  тахминан соати 13:52 дақиқа дар  18 километр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод заминҷунбӣ сабт шуда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва  дар ноҳияи  Тоҷикобод  2-3  баллро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло аз талафоти ҷониву хисорот хабар нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки 10 июл бар асари заминларза дар қисмати шарқии Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод 5 нафар ҳалок шуданд. Қувваи заминларза дар марказаш 5-6 баллро ташкил дода, он дар Душанбе ҳам эҳсос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.