Имдодгарони Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ВМКБ шабонарӯзи гузашта ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Хоруғро аз дарёи Панҷ берун оварданд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, аз ин ҳодисаи фоҷеабор сокинони деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар доданд.

Гуфта мешавад, ғаввосон (водолазҳо)-и даста ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасадро аз рӯдхона берун ва ба хешовандонаш супурданд.

Як рӯз пеш, 22 август дар дарёи Хингов дар қаламрави ноҳияи Сангвор имдодгарон ҷасади сокини 29-солаи ноҳияи Ховалингро, ки ҳангоми обббозӣ ғарқ шудааст, аз дарё берун оварданд.

Бино ба маълумоти КҲФ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё, наҳру дигар обанборҳои кишвар 69 нафар (соли 2020 - 34 нафар) ҳалок шуданд.

Аз ин шумор синни 9 нафар - то 4-сола, 11 нафар - аз 5 то 10-сола, 17 нафар - аз 11 то 16-сола, 17 нафари дигар - аз 17 то 35-сола ва 15 нафар - аз 35 ва синнусоли болотар аз он мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.