Шоми 14 сентябр дар километри 65-уми роҳ мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиёт рух дод, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи вай, ронандаи автомшаинаи боркаши тамғаи “Дулан Хова” - сокини Хатлон ҳаноми ҳаракат аз Хуҷанд ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа ба 10 мошин бархӯрдааст”.
“Бар асари бархӯрд автомашинаи тамғаи “Toyota” ба ҷарии 200-метра сарозер меравад, - иброз дошт Юсуфӣ. - Дар натиҷаи ин садама зани сокини 50-солаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидааст. Панҷ мусофири боқимондаи ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ шуданд”.
Имдодгарони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷотбахшии Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.
“Онҳо ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, автомашинаи ба ҷарӣ афтода, инчунин чизҳои шахсии мусофиронро берун оварда ба соҳибонашон супурданд”, - илова кард ӯ.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
Боз як ҳодиса садамаи нақлиёти марговар рӯзи сешанбе дар наздикии деҳаи Хуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух додааст.
Ҳангоми ҳаракат аз қаламрави ноҳияи Рӯшон ба деҳаи Хуф низ ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба ҷарии 100-150 метра сарозер меравад.
Дар натиҷаи ин садама ҳамаи мусофирони дар автомашина қарордошта - ронанда ва се мусофири он ҳалок шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаи ҳолатҳои рух додани садамаро таҳқиқ мекунанд.
“Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон муроҷиат намуда, боисрор аз онҳо дархост мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянду тарзҳои махсуси идораи автомашинаро дар роҳҳои кӯҳӣ ба инобат гиранд ва чони худу атрофиёнро зери хатар нагузоранд”, - таъкид дошт Юсуфӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста