Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, марди 32-сола 25 сентябр шабона автомашинаи тамӯаи “Лексус”-ро рабуд. Ин автомашина ба сокини 33-солаи маҳаллӣ тааллуқ дошт.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, автомашина дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор қарор дошт.

“Ҳангоми ҳаракат намудан аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа кардааст”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, дар натиҷа гумонбаршаванда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.