Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти  сохтмонии  воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав  сӯхтор ба амал омад.

Дар иншооти  мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки 80  нафари онҳо  дар хобгоҳи  ҳамон сохтмон иқомат мекунанд. Сӯхтор дар натиҷаи  риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст.

1/3

Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  молу ашё  ва зиёда  аз 17  нафар ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд. 

Бо мақсади кӯмаки фаврӣ ба шаҳрвандон, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Зимни суҳбати кормандони Сафорат бо роҳбари иншооти сохтмонии мазкур Симонов А. А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохта мегардад. 

Ҳамчунин ширкати мазкур дар  таъмин кардани шаҳрвандон  бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.