Шоми 21 октябр дар қаламрави бозори масолеҳи сохтмонии "Баракат"- и Хуҷанд сӯхтор сар задааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар ВКД Тоҷикистон хабар дод, оташ тақрибан 850 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Қарибиҳои фарорасии шаб оташ хомӯш карда шудааст.

Сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зиёни расида аз он ҳоло маълум нест.

Ба иттилои манбаъ дар ВКД, аз сӯхтор дар бозор касе осеб надидааст.

Дар навори видео  дида мешавад, ки қисмати зиёди бозор дар ҳоли сӯхтан аст.

Қобили зикр аст, ки бозори “Баракат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар наздикии гардиши шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом дар гардиши роҳ ба Қайрокққум (Гулистон) воқеъ аст. Паҳлӯи он бозори яклухтфурӯшии “Сомон” ҷойгир мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.