Ҷасади собиқ роҳбари Корхонаи алюминии тоҷик Михаил Синаниро духтари ӯ дар ҳуҷраи шустушӯ (ванная)-и манзилаш воқеъ дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав пайдо кард, хабар медиҳад шабакаи Telegram-и 112.
“Ҷасади собиқ директори Корхонаи алюминии тоҷик Михаил Синании 90-сола дар хонааш бо суроғаи кӯчаи Академик Пилюгин бо захм аз тири силоҳ дарёфт шуд”, - гуфтаанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Гуфта мешавад, дар паҳлӯи ҷасад таппончае дарёфт шудааст, ки онро ба Синани ҳанӯз соли 1994 раиси Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон пас аз суиқасд ба ҷонаш тақдим карда буд.
Сабаб ва ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, аз рӯи далели марги ӯ санҷиш оғоз шудааст.
Солҳи 80-ум ва нимаи солҳои 90-ум Михаил Синани роҳбарии Корхонаи алюминии тоҷикро ба уҳда дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста