Додситонии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон алайҳи 50 ҷавоне, ки аз даъвати баҳории соли 2021 ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар давраи даъвати баҳории соли 2021 дар кишвар 2427 нафар даъватшаванда, ки барои хизмат дар артиш сабти ном шуд ва аз хизмат саркашӣ намуда буданд, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ба хизмат бурда шуданд.

- Вале ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки даъватшавандагон аз комиссияҳои тиббӣ ва даъватӣ гузаронида шуда, барон сафарбар намудани онҳо ба маҳалли хизмат ба онҳо даъватнома дода мешавад, аммо ин даъватшавандагон дар вақти муайяншуда ба комиссариатҳои ҳарбй ҳозир нашуда, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд ва бо ин кирдорашон ҷиноят содир мекунанд,- мегӯяд додситонӣ.

Ин ниҳод аз ҷумла, аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати чанд сокини Масчоҳ, Истаравшан ва Деваштич хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, сокини ноҳияи Мастчоҳ П. Турдибоев барои саркашӣ аз хизмат дар артиш бо ҳукми додгоҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ба ҳамин монанд, нисбати сокинони шаҳри Истаравшан Ҷураев И. Ю., Холиқов С. А., ноҳияи Деваштич Ҳакимзода Б. Ҳ. ва дигарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ин афрод тибқи моддаи 343-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Мақомот ҳамзамон мегӯянд, ки агар даъватшаванда то ба додгоҳ супоридани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ идома дорад ва ба иттилои Вазорати дифоъ нақшаи тирамоҳӣ 83, 1 дар сад иҷро шудааст.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. Феълан маълум нест, ки чӣ тедоде аз хоҳишмандон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.

Рӯзи 20 январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Тибқи тағйиру иловаҳо, минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи август ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд: 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар).

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.