Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 29-солаи ноҳияи Сангвор, дар шарқи Тоҷикистонро дар куштани модарандараш муттаҳам медонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зани модарандарашро ба дарёи Зингоб тела додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса 26-уми ноябр, тақрибан соати 15.00 рух додааст. Дар хабарномаи ВКД на аз омили қазия ва на аз қурбонии фовеа ном бурда нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки модарандари қурбоншуда зани 43-солаи ҳамин ноҳия будааст.
"Номбурда, 26-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15.00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандараш зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи “Хингоб” бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст",-омадааст дар хабарнома.
ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ин ҷиноят дастгир шудаву ниҳодҳои қудратӣ қазияро пайгирӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста