Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар қатли падари худаш гумонбар дониста мешавад. ВКД далели ин ҳодисаро "муноқиша" унвон кардааст.

Дафтари матбюуоти ВКД дар як хабарномаи кӯтоҳ гуфтааст, ки ин ҷавони 19-сола 29-уми ноябри соли 2021, дар хонаи истиқоматиашон бо падараш, марди 47-сола муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 7-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст",- омадааст дар ин хабарнома.

Аммо дар бораи далелҳои сар задани ин ҳодиса ва шеваи содир шудани он дар хабарномаи ВКД чизе гуфта намешавад. Ҳамчунин ВКД ҳувияти падару писарро ошкор накардааст.

Рӯзи гузаштаи ВКД аз кушта шудани як зани 43-сола дар ноҳияи Сангвор, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ба гумони ин ниҳод аз сӯйи духтурандараш ба қатл расонида шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.