Дар шаҳри Иркутски Русия ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарахте овехта пайдо кардаанд. Ин ҳодиса 12-уми декабр рух додааст ва гуфта мешавад ин муҳоҷир Маҳмуд Аҳмадови 57-сола будааст.
Мақомоти Русия расман то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале наздикони ин муҳоҷир гуфтаанд, ки ӯ ду ҳафта пеш нопадид шуда буд.
Як тан аз наздикони ин муҳоҷир ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки мақомоти Русия ҳодисаро аз рӯйи фарзияи худкушӣ таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ин хешовандаш, ин муҳоҷири тоҷик, ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад.
“Ӯ гуфтааст, ки раҳбари як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар як сохтмон буд. Пули сохтмонро аз корфармо гирифта ба муҳоҷирон медиҳад, вале корфармо биноро қабул намекунад ва мегӯяд, ки пулро баргардонанд. Ҳамин хел шикоятҳо доштааст, вале касе ба худкушии ӯ бовар надорад", - гуфтааст ӯ.
Ҳанӯз сабаби марги ин муҳоҷири тоҷик маълум нашудааст.
Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки тасмим доранд, рӯзи 17-уми декабр ҷасадро ба Душанбе фиристанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста