Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери чархи мошини Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон ҷон бохтааст. Мақомоти милиса ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст, ки садама бо айби Усто Устопиров рух додааст ё пиёдагузар.

Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон ва падари Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори варзида ва ҷаҳонпаҳлавони тоҷик мебошад.

Аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ин хабарро дар суҳбат ба “Азия-Плюс” таъйид карданд. Манбаъ гуфт, садамаи нақлиётӣ соати 20:30 дақиқаи рӯзи 10-уми декабр дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст, дар натиҷа як марди 50-солаи ин ҷамоат дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

“Усто Устопиров, таҳти идораи автомашинаи “Киа Спортейҷ” рақами қайди давлатиаш ТҶ 0082 ВО02 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, километри 296, ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Баҳром Ҳоҷиев соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Ёваро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”-гуфт, манбаъ аз Раёсати корҳои дохила

Ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан маълум нест ва гуфта нашудааст, ки ҳоло Усто Устопиров дар боздошт қарор дорад ё дар озодӣ.

Ба иттилои манбаъ, феълан Раёсати корҳои дохила ба таҳқиқи садама шурӯъ карда нақлиёти таҳти идораи Усто Устопировро ба экспертизаи автотехникӣ супурдаанд. То кунун парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.