Марди боррасон (курер)-е, ки дар Маскав бо корд захмӣ шуд, дарвоқеъ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон буда, айни замон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳр қарор дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

“Мутаассифона, боррасон шаҳрванди Тоҷикистон - Хайрандеш Худойназаров мебошад. Ҳозир мо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дода наметавонем, чунки тафтишот ҷараён дорад. Ӯдар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳр бистарист”, - иброз доштанд дар намояндагии дипломатӣ.

Инчунин зикр шуд, ки дар мавриди ин ҳодиса сафорат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва табибони беморхона мудом дар тамос аст. “Сафорат ҷараёни тафтиши парвандаро пайгирӣ хоҳад намуд, то ки он мунсифона ва дақиқ гузаронида шавад”, - илова карданд дар сафорат.

Рӯзи 14 декабр дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” дар шаҳри Маскав марди роҳгузаре ба гардани боррасони “Яндекс.Еда” бо корд зарба зад. Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Гумонбар ба суиқасди куштор сокини 40-солаи вилояти Кемерово боздошт шуда,  муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ояндаи наздик нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.