Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ду ронанда боздошт шудааст, ки қасд доштанд миқдоре аз матоъ ва хурмои қочоқиро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ворид кунанд. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар иттилоъ дода гуфтааст, қочоқбарон рӯзҳои 20-21-ум декабр боздошт шудаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд. 

Ба навиштаи пойгоҳи қирғизии kloop.kg мошини аввал, рӯзи 20-уми декабр ҳангоми убури марзи деҳаи Эски-Оочу ба фармони марзбонон итоат накарда фирор кард ва дар деҳаи Ҷани-Жер ва Мақсад боздошт шудааст. Аз ронанда ном бурда нашудааст, аммо 39-сола гуфта мешавад. Ӯ қасд доштааст мошини тамғаи “Мерседес-Бенс Спринтер”-ро, ки ҳомили 116 банд (рулон)  матоъ буд бидуни иҷоза ва ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон кунад.

Аммо ин расонаи қирғизӣ нагуфтааст, ки ронандаҳо ва соҳиби бор шаҳрвандони Қирғизистонанд ё аз Тоҷикистон. 

Ҳамчунин рӯзи 21-уми декабр низ марзбонони қирғиз дар рустои Исҳоқ Раззоқови ноҳияи Лайлак боз як мошини тамғаи “Мерседес-Бенс Спринтер”-ро боздошт карданд, ки ба ронандаи 29-сола таъаллуқ дошта қасди ворид кардани 3 тонна хурмо ба Қирғизистонро кардааст. Гуфта мешавад ин ронанда низ санади боркашонӣ надоштааст.

Хадамоти марзбонии ин кишвар гуфтааст, ҳамаи асноди марбут ба ронандагони боздоштшуда ва моли воридотӣ барои тафтиши иловагӣ ба мақомоти зидахл интиқол додаанд.

Расонаи қирғизӣ, ба ҳаводиси ахири моҳи апрел ишора карда гуфтааст, аз 21 майи имсол барои шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки марзро убур мекунанд, дар вуруд, хуруҷ ва транзитӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст.

Пас аз баста шудани марзи байни ду кишвар дар Қирғизистон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ посбонҳои мардумӣ ташкил ёфт ва онҳо интиқоли бори  қочоқро зери назорат гирифтанд. Гуфта мешавад дар ин байн даҳҳо ронандагоне, ки қасди интиқоли моли ғайриқонуниро доштанд боздошт шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.