Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти размкори риштаи ММА ва блогери тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе рад кард ва гуфт, “ин хабарҳо асос надорад”.
Аз дафтари матбуотии ВКД дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, агар чунин иттилое дар бораи истирдод ва боздошти ӯ пайдо шавад, дар сомонаи расмии ВКД пахш мекунанд ва расонаҳо аз он метавонанд истифода кунанд.
Хабари истирдоди Чоршанбе Чоршанбиев ба Тоҷикистон ва боздошти ӯро баъди зуҳри имрӯз, 30 декабр пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News» нашр кард. Пойгоҳ навишт, ӯ шаби 29-30 декабр ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар фурудгоҳ ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дастгир кардаанд.
Дирӯз, 29 декабр додгоҳи шаҳри Маскав қарори ихроҷи Чоршанбиевро қонунӣ эътироф карда, қарори додгоҳи Останкинои Маскавро бидуни тағйир гузошт. Ба ин тариқ, Чоршанбиев бояд дар наздиктарин фурсат хоки Русияро тарк мекард.
Чоршанбиев ихроҷашро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав мунтазир буд.
Ӯ аввали моҳи декабр ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 5 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ ба берун аз ҳудуди Русия таъин шуд.
Чоршанбиев навори видеоии яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки “Toyota Camry” бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад.
Нисбати Чоршанбиев мутобиқи моддаи 18.8 (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия) санади маъмурӣ тартиб дода шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста