Бар асари барфборӣ, тармафароӣ ва барфпӯш шудани роҳ нархи мусофиркашонии таксӣ дар роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ якбора боло рафтааст. Роҳ барои равуои нақлиёти сабукрав аз 4-уми январ боз аст. Аммо мусофирон шикоят доранд, ки дар ин шабу рӯз нархи таксиҳо дар ин масир аз 200 то 300 сомонӣ боло рафтааст.

Мусофирон мегӯянд, қаблан бо 100 то 150 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе мерафтанд. Аммо баъди боришоти зиёди барф ва фаромадани чанд тарма дар масири Душанбе-Чаноқ нархи роҳкирои таксӣ як баробар боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки тақрибан баъди як шабонарӯзи баста будани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, рӯзи 4-уми январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эълом кард, ки роҳ аз тармаву барф тоза шуда, ҳаракати мошинҳои сабукрав аз ду ҷониб боз шудааст.

Сотим, як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” аз боло рафтани нархи мусофиркашонии таксиҳо дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе нигаронӣ кард.  

“Ронандагон ҳоло роҳкиро аз самти Хуҷанд ба Душанберо 200 сомонӣ то 350 сомонӣ гуфта истодаанд. Мо маҷбурем, ки ягон мошини роҳгузарро, ки ба Душанбе меравад, интизор шавем ва бо нархи нисбатан арзонтар биравем. Ронандагони роҳгузар каме бештар аз 100 сомонӣ мегиранд, ки барои мо хуб аст. Аммо таксиҳо бинобар бориши барф нархи сафарро қимат кардаанд”, - мегӯяд ин мусофир.
Терминали таксиҳои масири Хуҷанд-Душанбе - "Суғд".

Хайрулло, як мусофири дигар гуфт, асосан нархи таксиҳое боло рафтааст, ки ронандагонаш бо мошини “ҷип” мусофиркашонӣ мекунанд. “Аз сабаби барфборӣ мошинҳои “Опел” ва тамғаҳои дигар камтар сафар мекунанд. Роҳкирои ҷипҳо аз 200 то 250 сомонӣ барои як кас қиммат дорад”.  

Дар ҳоле нархи таксӣ дар ин роҳ давоми чанд рӯзи охир боло рафтааст, ки ба гуфтаи бархе мусофирон, онҳо ҳоло бояд пас аз таҷлили Соли нав барои идомаи таҳсил ба  донишгоҳҳои пойтахт ҳозир шаванд. Дар гузашта низ борҳо ба далели оғози таҳсили донишҷӯён нархи таксиҳо дар роҳи пулакии Душанбе- Чаноқ боло мерафт.

Аммо ронандагони таксӣ мегӯянд, ин даъфа бориши шадиди барф дар чанд рӯзи охир ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанберо душвор кардааст. Бар замми ин, шурӯъ аз якуми январ ширкати IRS, ки аз ин роҳи пул меғундорад ва ҳамчунин масъули нигоҳубини роҳ аст, нархи тарозуҳоро боло бурдааст, ки ба гуфтаи ронандагон, хоҳу нохоҳ ба нархи мусофиркашонӣ низ таъсир мерасонад.

Нуралӣ Ғафуров, ронандаи таксӣ мегӯяд, дар пайи барфборӣ ҳаракат дар шоҳроҳ барои мошинҳо то ҷойе душвор аст. Ӯ яке аз сабабҳои боло рафтани роҳкироро ба душвортар шудани ҳаракати мошинҳо ва боло рафтани таърифаҳои ширкати IRS марбут донист.

Ҷамолиддин, ронандаи дигар дар терминали мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд гуфт, ҳоло нархи таксӣ дар мошинҳои чаҳорнафарии ҷип барои як кас аз 200 то 250 сомонӣ аст. “Мошинҳое ки шаш нафар мусофир мебаранд, каме арзонтар аз 160 то 200 сомонӣ мусофиркашонӣ мекунанд”, - мегӯяд, ин ронанда.

Ширкати IRS аз 1-уми январ таърифаҳои сафар дар ин роҳҳро вобаста ба тарозуҳо аз 2 то 19 сомонӣ боло бурдааст.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз оғози ҳафта бар асари тармафароӣ то ҷое душворгузар боқӣ мемонад. Субҳи 5-уми январ ширкати IRS гуфт, бар асари барфборӣ ва тармафароӣ чанд рӯзи охир ҳоло роҳ тоза аст ва барои ҳаракати мошинҳо боз аст. Аммо ин ширкат гуфтааст, ба ҷуз мошинҳои сабукрав, барои мошинҳои боркашони “Фура” ва ғайра маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Тоҷикистон, аз ҷумла роҳи Душанбе-Чаноқ аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.