Бар асари як садамаи нақлиётӣ шоми 6-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошанд. Гуфта мешавад се тан аз ҷонбохтагон аъзои як хонавода мебошанд.
Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфтанд, ки садама соати 16:00 бегоҳии 7-уми январ дар километри 254-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Атего”, Фаррух Ҳақбердиеви 27-сола, сокини ҷамоати Қуштепаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” бармехӯрад.
Ин автомашинаро ронанда Раҳмат Соҳибназаров идора мекард ва ҳангоми садама аз самти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Истаравшан ҳаракат мекард.
Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд мегӯяд, дар натиҷаи садама ронанда Раҳмат Соҳибназарови 46-сола ва мусофирони он Наимҷон Соҳибназарови 57-сола, Дилбар Соҳибназароваи 53-сола ва Олмахон Ғоибоваи 53-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Қурбониёни садама сокинони ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мебошанд, ки эҳтимол меравад ронанда ва боз ду мусофири он Соҳибназаровҳо аз як хонавода мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Паймонкори қазияи ҳалокати муҳоҷирон дар чоҳи обрави Маскав ҳабси хонагӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста