Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде хабар медиҳад, ки аз як сокини Душанбе панҷ автомашинаи гаронбаҳои хориҷиро гирифтаву пулашонро бар нагардонидааст.
ВКД, ки ному насабаи боздоштшударо расонаӣ накардааст, аз ӯ як сокини 42-солаи ноҳияи Айнӣ ном бурда ва гуфтааст, ки бо гумони қаллобӣ дастгир шуд.
"Номбурда, моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ панҷ автомашинаи тамғаҳои “Тойота-Камри”, 2-адад “Лексус-350”, “Хендай-Саната” ва “Тойота Версо”-ро ба маблағи 775 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағашонро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст".
Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки ду ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро бо гумони дуздии молу ашёи рӯзгори як зани 24-солаи ин шаҳр низ боздошт кардааст.
Ба навиштаи торнамои ин ниҳод, нафараони боздоштшуда аз пештар, яке бомоддаҳои 244 ва 365 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва дигаре бо моддаи 244 суд шуда будаанд. Ин ниҳоди зарари расида аз ин амалро 26 ҳазору 280 сомонӣ ҳисоб кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Аз коҳиши содироти пахта Тоҷикистон чӣ интизориҳо метавонад дошт?
Дар Ӯзбекистон барои истифодаи барқу газ меъёри истеъмолӣ ҷорӣ мекунад
Баргузории фестивали K-pop дар Душанбе
DABS: Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз барқ беш $100 млн қарздор шуд
Ташкили Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Аз Ато то Дӯстуму Масъудҳову Қонуниву Муҳаққиқу Сайёф
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи 2-юми барқаросозии НБО “Норак” созишнома имзо карданд
Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?
Дар Душанбе хатсайри нави автобус фаъол мешавад: аз Коллеҷи тиббӣ то Терминали ҷанубӣ
Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард
Ӯзбекистон ҳам "Занги охир"-ро мисли Тоҷикистон танзим кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста