Аз соати 5:00 субҳи имрӯз, 19 январи соли 2022 ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" бар асари фаромадани тармаҳо дубора муваққатан баста шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад.
“IRS” мегӯяд, “бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилагжиш дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тасмим гирифта шуд, ки аз соати 5:00 субҳ ҳаракати тамоми нақлиёт муваққатан боздошта шавад”.
Ин ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки моҳияти ин иқдомро, ки ба таъмини бехатарии онҳо рабт дорад, дарк намоянд.
Зикр бояд кард, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд. Ҳамин тариқ, баъди зуҳри дирӯз, 18 январ ширкати “IRS” хабар дод, ки роҳ аввал аз як ҷониб аз Хуҷанд ба Душанбе ва баъди чанде аз Душанбе ба Хуҷанд пурра боз шуд.
Гуфта мешуд, ки дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр фаромадааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста