Вазорати корҳои дохилӣ аз як ҳодисаи кордзанӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бар пайи он як нафар захм бардоштааст. Ин ҳодиса рӯзи 23-юми январ рух додааст.
Бино ба иттилои дафтари ВКД нафари гумонбар дар ин ҳодиса аз сӯйи кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Сино дастгир шудааст.
"Номбурда, 23-юми январи соли 2022, тахминан соати 10:30- дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корд 1-маротиба ба бадани ӯ задааст",-овардааст ВКД.
ВКД мегӯяд, ки нафари захмишуда дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вазорат ҷузъёити дигари ин ҳодсаро нашр накарда, танҳо гуфтааст, ки дар мавриди "ҳолати мазкур тафтишот идома дорад".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста