Бодуҳавошиносони Тоҷикистон моҳи февралро яке аз сербориштарин моҳҳо дар чанд соли ахир пешгӯйӣ мекунанд. Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Оҷонсии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки моҳи феврал дар кишвар боридани барфу борони зиёд, аз ҷумла барфи тар пешгӯйӣ мешавад.
Байдуллоева ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо 3+8 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳ зуд-зуд ба амал омадани боришоти борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд, гуфтааст Байдуллоева.
Ин масъули Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаворо дар вилояти Суғд дар моҳи феврал 3+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5 дараҷа хунук пешгӯйӣ кардааст. Дар ин вилоят давоми моҳи феврал тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 1+6 дараҷа гарм, рӯзона бошад аз 2+7 дараҷа гарм то 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 0-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад, -гуфтааст Ҷамила Байдуллоева.
"Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 9- 15 дараҷа хунук, рӯзона бошад аз 0-5 дарача хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд",-ҳушдор додааст ин масъули Оҷонсӣ.
Ба назари Оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10-15 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, рӯзона то 7-12 дараҷа хунук, шабона то 22-27 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста