Панҷ тан аз захмиёни таркиши гази «пропан» дар «Оби шифобахш» - и шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расида, вазъи саломатии як нафари дигар вахим гуфта мешавад. Хабари даргузашти панҷ нафарро дар шуъбаи наҷот аз сӯхтори беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» таъйид карданд.

Нахуст як корбар бо номи Шомаҳмадзода Мусаввир дар саҳифааш дар Фейсбук аз марги панҷ қурбонӣ хабар дод.

Вай навиштааст, ки панҷ нафари ҷароҳатбардоштаҳо пайи ягдигар даргузаштанд, ки иттилоъро ба «Азия-Плюс» дар бемористон таъйид карданд.

«Бародарон, ки ҳамагӣ 20 рӯз пеш бо нияти истироҳат ба маркази «Оби шифобахш»-и шаҳри Ваҳдат рафта буданд, аз рӯзи охирашон, аз ятим мондани фарзандонашон бехабар буданд. Ҳамаро тарк карда рафтанд. Баъди 10 рӯзи ҳодиса як - як ҳамаашон дунёро падруд гуфтанд. Офати табиӣ!”-  навиштааст Мусаввир.

Вай ҳамчунин навиштааст, ки бузргтари ин қурбониён 50-сола ва аз ҳама хурдӣ 25-сола буда, як ҷабрдидаи дигар дар бемористон қарор дорад ва пизишкон барои наҷоти ҷони ӯ мубориза мебаранд.

Қаблан, 10 январ Толибҷон Ҳайдаров, пизишки эҳёгари шуъбаи наҷот аз сӯхтори беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» хабари даргузашти ду нафарро таъйид кард ва аз фавтидагон Муродалӣ Зайниддинов  ва Абдураҳмон Муҳаммадсоҳибови 27-сола ном бурд. Ба гуфтаи ин пизишк, ин ду нафар аз таркиш 90 дарсади баданашон сӯхта буд, ки рӯзи 7 январ дар беморхона даргузаштанд.

«Рӯзи 3-юми январ 6 нафар бемор бо ҷароҳатҳои вазнини сӯхтор, соати 11-и шаб ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар натиҷаи таркиш, беш аз 90 дарсади бадани онҳо сӯхта буд. Барои наҷоти онҳо тамоми чораҳои зарурии тиббӣ андешида шуд. Вале мутаассифона ду нафари онҳо ки хеле ҷвон буданд, рӯзи 7 январ ба ҳалокат расиданд», - гуфт пизишки эҳёгар.

Ҳодисаи таркиши гази "пропан" рӯзи 3-юми январ дар  Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и  шаҳри Ваҳдат  аз газе, дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст, ба амал омада буд, кит дар натиҷаи он 6 нафар  ҷароҳат  бардоштааанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз таркиши ногаҳонӣ дар деҳаи Чилламазори ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат  хабар дода гуфта буд, ки чанд ҷойи бадани онҳо сӯхтааст. Аммо маълум нест, ки ин шаш нафар беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим. 

Табибони шуъбаи наҷоти сӯхтор низ гуфтанд, ки барои онҳо низ маълум нест, ки ҷароҳатбардоштагон аз шумули беморон буданд ё не. 

Гуфта мешавад, ки мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ гардида, муайян кардаанд, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст. Ҳамчунин ин мутахассисон иллати таркишро комилан таҳқиқ мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.