Пулиси Душанбе як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои озори ҳамсараш ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардааст. Аз ин мардд Солеҳ Сафарзода ном бурда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Солеҳи Сафарзода бошандаи кӯчаи Борбади пойтахтро сокинони кӯчаи мазкур барои пайваста мавриди хушунат ва озор қарор додани ҳамсараш гирифта ба мақомоти пулис овардаанд. 

 Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Сафарзода  бо рафтори авбошонаи худ мунтазам даст ба озори ҳамсараш мезадааст.

«Аз ҷумла, шаби 23 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 20.00 дақиқа бо ҳамсараш муноқиша намуда, баъди таҳқиру дашном дар саҳни бинои истиқоматӣ аз мӯйи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст», - меорад дар як хабарнома РВКД.

Дар натиҷа, нисбат ба шаҳрванд Сафарзода Солеҳ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд, мегӯяд пулис.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.