Вазорати корҳои дохилӣ, аз як ҳодисаи садамаи автомобилии пурқурбонӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, ин садама 24-уми январ дар шоҳроҳои Чаноқ-Масчоҳ-Ғафуров рух додааст, ки бар асари он 4 нафар куштаву як нафар захм бардоштааст.
Ин ҳодиса, тахминан соати 16:30 рух додааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Умедҷон Аминов ҳангоми ҳаракат дар ин роҳи мошингард, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21031», таҳти идораи ронанда, Абдураҳимов Абдурасул Маҳмудқулович бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21031», Абдураҳимов А.М ва мусофиронаш: Абдураҳимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1986, Абдураҳимова Холбибӣ, соли таваллудаш 1952 ва Абдураҳимова Айимгул Мамуровна, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд",-омадааст дар хабарномаи ВКД.
Худи Умедҷон Аминов ва мусофираш Қурбонов Шарифхон Муҳаммадиевич, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста