Шаш  нафар занеро, ки баъди зӯҳри санаи 3-юми феврал аз деҳаи Хумгарон ба ШКД-и шаҳри Панҷакент оварда буданд, баъди гирифтани баёнот ҷавоб додаанд. Онҳо мегӯянд, моро дар бинои ШВКД беш аз 4 соат доштанд, аммо мақомоти милиса ин иддао, яъне беш аз 4 соат боздоштро рад мекунанд.

Қазия ба ШВКД бурдани ин занон бар пайи эътирози онҳо аз бунёди як коргоҳ дар назди хонаҳояшон, сар задааст.

Беш аз 2 ҳафта мешавад, ки як гурӯҳ сокинони деҳаи Хумгарони ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент  аз сохтани як полоишгоҳ дар назди маҳалли зисташон  аз сӯйи комбинати металургии  “Зарафшон” изҳори нигаронӣ доранд.

Онҳо тавассути матбуот ба президенти кишвар ҳам нома навишта буданд.

КМ "Зарафшон" яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди тилло дар кишвар мебошад. Ин коргоҳ дар наздикии деҳаи мазкур полоишгоҳи нав бунёд карданист ва сокинони деҳа ба он мухолифат кардаанд. Зеро ба андешаи мардуми деҳаи Хумгрон  таъсири манфии заводро дидааву ҳамарӯза аз он ранҷ мекашидаанд.

Раиси маҳаллаи деҳаи Хумгарон Ширин Амонзода зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳадафи асосии норозигии сокинон, ин талаби риояи қоидаҳои экологӣ аз тарафи КМ Зарафшон ва кӯчонидани ҳамаи сокинони деҳа ба ҷойи дигар будааст.

Гап сари он меравад, ки аз 162 оилае, ки дар деҳаи мо зиндагӣ мекунанд, завод тасмим гирифтааст танҳо 47 оиларо ба дигар ҷо кӯчонад. Аммо боқимондаи мардум аз ин розӣ нестанд.

Масъала сари пул ё кӯчонидан?


Аммо дар ҳамин ҳол ҷонишини директори генераии КМ “Зарафшон” Ҳаким Ашӯров мегӯяд, ҳамон полоишгоҳҳои мо ягон зарар надоранд.

"Инро метавонад Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ кунад. Корхона ба деҳаи Хумгарон ёрии мунтазам мерасонад. Роҳу мактабашонро таъмир кардем. Аз ин деҳа беш аз 60 нафар дар завод кор мекунанд. Вале асли гап ба фикрам сари ҳамон 150 000 сомонӣ аст, ки ҳар моҳ завод ҳамчун ҷуброн ё ин, ки кӯмак ба сокинони ҳамин деҳа ҷудо кардааст. Яъне ҳама сокинони деҳа мехоҳанд ба онҳо он маблағ баробар тақсим карда шавад".

Як манбаъ ҳам аз ШВКД дар шаҳри Панҷакент  овардани занҳоро ба шӯъбаи милитсия тасдиқ намуда гуфт, ки занҳо барои кори завод монеъа мешуданд аз ин рӯ мо онҳоро ба шӯъба оварда баёнот гирифтем.

"Мо метавонистем дар асоси қонун нисбаташон протоколҳои маъмурӣ оиди монеъ шудан ба кори завод тартиб дода, ҳамаашонро ҷаримабандӣ кунем, вале ин корро накардем. Ба занҳо фаҳмонидем, ки ҳама кор қонунӣ аст ва рафтори онҳо аз қонун берун. Онҳо моро фаҳмиданд”,- гуфт манбаъи мо аз шӯъбаи милитсияи Панҷакент.

Ин корманди ШКД-и шаҳри Панҷакент “боздошти 5-соатаи” занонро рад карда гуфт мо онҳоро тезтар ҷавоб додем.

Аммо чанде аз сокинони деҳаи Хумгарон мегӯянд, мо муқобили корхона нестем, муқобили давлат ҳам нестем, танҳо мехоҳем ҳамаи моро ба ҷойи дигар кӯчонанд на танҳо чанд нафарро.

"Зеро воқеан зарари заводро ба саломатиамон эҳсос карда истодаем. Барои ин корамон моро зӯран ба мақомоти милитсия бурда, ҳудуди 5 соат бозошт намуданд. Мо сабт доштем. Ҳама наворҳоро аз дастамон зӯран гирифта тоза карданд”, - гуфтанд бархе аз  ин сокинон.

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент

Ду рӯз пеш, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳам бо чанде аз намояндагони деҳаи Хумгарон вохӯрӣ доир намуда, арзу доди онҳоро шунидааст.

Ҷаноби Холиқзода рӯзи якуми феврал дар нишасти матбуотӣ вобаста ба масъалаи мазкур гуфта буд, ки як гурӯҳе ҳастанд, ки намехоҳанд кор пеш равад ва монеъи кор дар сохтмони полоишгоҳ шуда истодаанд.

КМ “Зарафшон” 47 хоҷагиро, дар навбати аввал ба мавзеъи Хамиртеппа кӯчониданӣ аст. Ин масъала пештар ҳалли худро ёфта буд, аммо  боз пайдо шуданд нафароне, ки онро матбуотӣ карданд. Ман омода будам, пеш аз матбуотӣ карданӣ масъал онҳоро қабул кунам. Вале онҳо на ариза кардану на ба назди ман омаданд,- гуфт Абдухолиқ Холиқзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.