Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ду мошини ширкати "Як такӣ"-ро оташ задаанд. Гуфта мешавад ба мошинҳо бензин пошида, пасон оташ задаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 5-уми феравл рух додааст.

Дар ин бора, Валӣ Бегиҷонзода сардори қисми ҳарбии Хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод.

“Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, яъне 5 феврал, соатҳои тақрибан соати 1:30 ба қисми навбатдории мо хабар оташ гирифтани ду мошини филиали ширкати “Як таксӣ” дар шаҳри Бохтар расид. Мо тавонистем сари вақт оташро хомӯш карда, 12 мошини дигарро аз оташ наҷот бидиҳем. Ҳодиса дар парки техникии ширкат воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар рух додааст”,- гуфт Бегиҷонзода.

Ба гуфти Валӣ Бегиҷонзода таҳқиқи мутахассисони онҳо нишон додааст, ки сухтор қасдан содир шудааст.

“Ба мошинҳо бензин пошидаю оташ задаанд. Мо хулосаи худро ба ШВКД дар шаҳри Бохтар ирсол кардем ва таҳқиқи минбаъдаро онҳо пеш мебаранд”,- изҳор дошт манбаъ.

Як манбаъ аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса ШВКД таҳқиқро шуруъ кардааст ва гумонбаронро дастгир кардааст. Вале дар бораи шахсияти гумонбарон маълумоте дода нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “ЯК такси” филиали худро охири моҳи январ дар шаҳри Бохтар бо ҳузури шаҳрдори шаҳр  Сиҷоуддин Саломзода боз карда буд, ки аксари мошинҳои ин ширкат тамғаи Volkswagen мебошанд.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.