Дар роҳи мошингарди Панҷакент-Саразм дар вилояти Суғд рӯзи 18 феврал сокини шаҳри Панҷакент Матлаб Бозорови 56-сола бо дучархааш (велосипед) зери чархи мошин монда ҳалок шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, вобаста ба ин қазия ронандаи автомашинаи Opel-Astra сокини 25-солаи шаҳри Панҷакент Рамазон Ҷумақов боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, ронанда ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархаронро пахш кардааст, ки  дар натиҷа Бозоров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти матбуотии ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 зикр гардида буд, ки дар соли гузашта 1 ҳазору 102 ҳолати садамаи нақлиёт (соли 2020 - 1109 ҳодиса) сабт шуда буд, ки бар асари он 395 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 218 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.