Субҳи имрӯз, 10-уми март дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар як сарҳадбони тоҷик аз тири ҳамтои қирғизаш ҳалок шудааст. Сокинон аз захмӣ шудани ду марзбон ва чанд ғайринизомии дигар хабар медиҳанд.

«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», - гуфт як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».

Дар бемористони марказии Исфара маҷрӯҳ шудани марзбонон ва афроди осоиштаро тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии “24.kg” аз қавли Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон менависад, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Ин хабаргузорӣ аз оғози гуфтугӯи телефонии намояндагони сарҳадии ҷонибҳо иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, ки дар натиҷаи тиррпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон захмиён низ ҳастанд.

“Намояндагони сарҳадии ду кишвар музокирот доранд”,- менависад “24.kg”.

Бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, ки 24.kg бо такя ба Неруҳои марзбонӣ хабар медиҳад, гӯё марзбонони тоҷик дар минтақаи таъинношудаи марзӣ, дар мавзеи Тескейи ноҳияи Бодканд, масири сафари пешинаи худро тағйир дода, ба мавзеи нави марзӣ мегузаранд ва аз сарҳадбоонони қирғиз талаб мекунанд, ки мавзеъро тарк кунанд. 

Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои хабарнигори "Азия-Плюс" дар вилояти Суғд, ҷонибҳо бар сари музокирот нишастаанд ва то кунун натиҷаи музокирот низ маълум нест. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.