Дар шаҳри Бохтар бар асари як сӯхтор се шаҳрванди Ӯзбекистон ҷон бохтаанд. Дар ин сухтор, аз ҷумла ду кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расида аст. Гуфта мешавад ин шаҳрвандони Ӯзбекистон дар манзили иҷора зиндагӣ мекардаанд.
Валиҷон Бегиҷонзода, сардори қисми оташнишонии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин ҳодиса ва ҳалокати се шаҳрванди кишвари ҳамсояро таъйид кард.
“Сухтор рӯзи якшанбе, 27-уми март, дар хонаи №6- и маҳаллаи Баҳор сар зада аст. Ин шаҳрвандони Узбекистон дар ин хона иҷоранишин будаанд. Чуноне маълум шуд, субҳ соати 7:00 модари хона, ки ба соҳибкорӣ машғул буд ба шаҳри Турсунзода меравад. Достон Нормуминов падари хонавода дари хонаро маҳкам карда, барои хариди шир меравад. Дар вақти набудани падар, кӯдакон дастгоҳи гармкунии электрикиро чапа мекунанд, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал меояд",- гуфт Бегиҷонзода.
Ба гуфтаи ин масъули сӯторнишонӣ, ҳамсояҳо тақрибан соати 8 аз сӯхтор хабар мешаванд ва дари хонаро мешикананд. Вале вориди хона шуда наметавонанд. Дар ҳамин ҳол, ба қисми навбатдории Раёсати оташнишонӣ занг мезананд. То расидани мо, Достон Нормуминов расида меояд ва барои наҷоти кӯдаконаш ба хона медарояд. Вақте ду дастаи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва вориди хона мешаванд, алакай кӯдакон ва падарашон ба ҳалокат расида буданд. Ҷасади онҳо аз онҷо берун баровада шуд.
Достон Нормуминов, сокини кӯчаи Абдулло Қаландари ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буда, соли таввалудаш 1996 буд. Кӯдакони ноболиғаш Давлатбек Рустамови 4-сола ва Диёрбек Рустамови 3-сола буданд.
Дар пай ин сӯхтор, додситонии шаҳри Бохтар санҷиишро оғоз кардааст.
Валиҷон Бегиҷонзода мегӯяд, бино ба хулосаҳои пешакӣ гунаҳкори сар задани сӯхтор ва ба ҳалокат расидани кӯдакон падарашон марҳум Достон Рустамов шудааст.
“Агар Достон Рустамов дари кӯдаконро қуфл намекард онҳо имкони зинда мондаро доштанд. Вале падарашон дарро маҳкам кардаву рафта аст. Дар натиҷа ҳам худ ва ҳам кӯдаконаш ба ҳалокат расиданд”,- мегӯяд Валиҷон Бегиҷонов.
Ба гуфти манбаъ ҷасадҳоро алакай барои дафн кардан ба Ҷумҳурии Узбекистон бурданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста