Бар пайи таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чаҳор нафар осеб  бардошта чанд тан аз онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Манобеъ мегӯянд, миёни маҷруҳшудагон як нафар нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ низ буд, вале ӯ ҷароҳати сабук бардоштааст, ки бистарӣ нашудаст.

Бегоҳии 10-уми май, тамин соати 20:00 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар даромадгоҳи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ оташ гирифт. Манобеи “Азия-Плюс” мегӯянд, ин нуқтаи сӯзишворӣ ба соҳибкоре бо ном Ҷамшед мутаъаллиқ аст. Ҳодиса ҳангоми холӣ кардани маводи сӯзишворӣ аз мошине ба зарфҳои нигаҳдории маводи сӯхт сар задааст. 

Як манбаъ аз Идораи оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло сабаби таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ маълум нест. Вале ӯ гуфт, дар натиҷаи таркиш чаҳор нафар аз ҷумла се корманди нуқтаи сӯзишворӣ ва як корманди ниҳоди оташнишонӣ захм бардоштаанд. 

“Фавт нест, вале чанд нафар 5-25%-и осори сӯхта бардоштанд. Бо ин захм чаҳор нафар ба беморхона бурда шудаанд. Се нафарашон корманди нуқтаи сӯзишворӣ ва як нафар корманди нозири Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ аст, ки захми сабук бардоштааст ва бистарӣ нест. Ҳангоми хомӯш кардани оташ таркиш мешавад ва онҳо осеб мебинанд”,-гуфт манбаъ аз идораи оташнишонӣ дар Суғд.

Мақомот расман то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Акбар Почозода, раиси ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳодисаро тасдиқ кард, вале дар мавриди захмиён чизе нагуфт. Ӯ гуфт, ҳоло гуруҳи корӣ таҳқиқро шуруъ кардаанд ва баъдтар ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Ба иттилои манобеи мо аз Идораи оташнишонӣ алангаи оташ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тахмин ба 60 метри мураббаъ доман паҳн карда зиён расонидааст. Ҳоло хисороти молӣ ва сабабҳои оташсӯзӣ пурра дақиқ нашудааст. Аммо манобеъ мегӯянд, бино ба фарзияи пешакӣ эҳтимол нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар натиҷаи “вайрон намудани қоидаи сӯхтор” оташ гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.