Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ бо гумони ғорат ва дуздии хонаи як сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, ин сокини ноҳияи Восеъ, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, 19-уми апрели имсол соати 04.00 субҳ ба хонаи истиқоматии як зани сокини Хуҷанд ворид шуда, аз он ҷо "2-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11 Промакс» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст".
ВКД зарари расидаро 54 ҳазору 900 сомонӣ ҳисоб кардааст.
Дар хабарномае, ки сайти ВКД нашр кардааст, гуфта мешавад, ки "ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноӽияи Восеъ, ки пеш бо моддаҳои 32 қисми 3, 138 қисми 1, 339 қисми 1 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд".
Дар ҳоли ҳозир аз рӯйи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244 қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.
ММТ даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳоро эълон кард
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?
Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд
Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд
Тоҷикистон ҳоло ҳам ба қарзи имтиёзноки ХБА умедвор аст
Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё
Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад
Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев барои эътидоли вазъ дар Қароқалпоқистон
Дар Душанбе барои Кумитаи ҳифзи муҳити зист бинои нав месозанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста