Дар натиҷаи ду муноқишаи хунини ҷудогона дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ як марди 40-сола кушта шуда, марди 47-солаи дигар дар беморхона бистарӣ шудааст. Аввалӣ бар пайи як даргирӣ аз зарби мушт ба ҳалокат расида, дувумиро дар пайи баҳси об бо зарби каланд ба сараш мезананд, ки дар беморхона бистарӣ мебошад.

Ба иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ин ду ҷинояти муқобили ҳаёту саломатӣ, моҳи апрели имсол дар ҷамоати деҳои Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ содир шудааст. Чаҳор нафар гумонбару ҷабрдидаи ин муноқиша сокинони деҳаи Пастиғави ҳамин ҷамоат будаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳодисаи аввал “шаҳрванд Ҳусейнов Хуршед Ҳусейнович, ки қаблан барои таъмаҷӯи суд шудааст, санаи 9-уми апрел дар ҳудуди бозори ҷамоати деҳоти Оббурдон аз ҳиссиёти авбошона бо шаҳрванд Мирзоев Мирзоаҳмад Аҳмадович муноқиша карда ба сару рӯяш зарбаи ҷароҳатрасонанда зада ҳаёти ӯро ба мамот табдил дод. Аз ҷароҳати ҷисмонии бардошта ҷабрдида вазъи саломатияшро аз даст дода бо гузашти 12 шабонарӯз дар беморхона ба ҳалокат мерасад”.

Ба ҳамин монанд,  сокини ҳамин ҷамоат Юлдошев Илҳом Муродбекович “барои истифодабарии оби полезӣ дар ҳудуди заминҳои саҳроӣ ба номи Юсуф Вафо бо ҳамдеҳаи худ Ҳасанов Раҳимбек Шакарович муноқиша карда бо асбоби кишоварзии каланд ба сари охирон зада зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст”.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти милитсияи ноҳияи Мастчоҳ нисбати гумонбаршавандаи аввалӣ Хуршед Ҳусейнов бар асоси талаботи қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг”  ва алайҳи гумонбари дувум Илҳом Юлдошев низ дар асоси ҳамин банди қонун парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.