Дар сохтмони як бинои баландошёна дар шаҳри Ектеринбург ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Таноби аробае, ки дар девори ошёнаи 32-юм буду онҳо дар болои он қарор доштанд, канда шуда, онҳо ба замин сарозер рафтаанд.

Дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба “Азия-Плюс” далели марги шаҳрвандони кишварро тасдиқ намуданд.

Ҳалокшудагон Далерҷон Тӯрақулови 27-сола ва Насимҷон Эшмуродови 33-сола, сокинони деҳаи Гулистон ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд.

“Роҳбари ширкати сохтмон дар интиқоли ҷасадҳо ба ватан ва дигар масоил кумак мекунад. Айни замон бародари яке аз ҳалокшудагон дар Екатеринбург қарор дошта, хешовандони фавтидаи дигар имрӯз аз Маскав меоянд”, - гуфтанд дар консулгарии генералӣ.

Ба иттилои манбаъ, шуъбаи тафтишоти ноҳияи Ленини Екатеринбург аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Тавре ки нашрияи онлайнии «Е1.RU» хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26 май рух дода, таноби як тарафи ароба канда мешавад ва мардон аз ошёнаи 32-юм ба замин меафтанд.

Гуфта мешавад, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, гӯиё бори ароба аз меъёр зиёд ва хеле вазнин будааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.