Ҳукумати Ашт зарари расида аз жолаву борони шадид ва селфароии рӯзи 30-юми май дар ин ноҳияро беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Ашт яке аз ноҳияҳои осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ дар шимолии Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз боришоту селфароӣ аҳолият зиёни калон мебинанд.
Мақомоти ноҳияи Ашт рӯзи 1-уми июн дар як баёнияи расмие, эълон карданд, ки жолаву борони сахт ва сели зуҳри 30-уми май асосан ба роҳу пулҳои ҳудуди деҳаҳои Ашт ва Пунук зиён расонидааст. Дар пайи омадани сел дар ин ду деҳа ба иттилои мақомот 20 пул ва роҳҳои марказӣ валангор шуда, ба маблағи 1 млн 109 ҳазору 500 сомонӣ хисороти молӣ расидааст.
Мирзоҳамид Латипов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, рӯзи 31-уми май ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ба ҳисоби пешакии онҳо беш аз 8 километр роҳ қисман, 7 пул пурра ва боқимонда қисман вайрон шудаанд. Ӯ гуфта буд, дар натиҷаи фаромадани сел ба 32 ҳавлиии сокинони маҳаллаҳои Ашти Боло ва Ашти Поёни ҷамоати Ашт сел даромада, ҳавлиҳоро аз лойоба пур кардааст, вале ба бинои хонаҳо зиён нарасонидааст. Сел ҳамчунин деворҳои ҳавлиҳои чанд скоинро ҳам тахриб кардааст.
Ҳукумати Ашт мегӯяд, ҳоло бартарафсозии оқибати сел дар ноҳия идома дорад.
Ашт яке аз ноҳияи осебпазир дар баробари борону селфароӣ дар шимолии Тоҷикистон аст, ки ҳамасола аз офатҳои табиӣ мардумонаш хисороти калон мебинанд ва ранҷи паёмади онро моҳҳо мечашанд. Аммо ин даъфат мақомот мегӯяд, бо ҷанлби техникаҳо алакай ба корҳои барқароркунӣ ва кушодани роҳҳои мошингузар дар ҷамоатҳои аз сел зарардида даст ба кор шудаанд.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста