Дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади як ҷавонзан дарёфт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар пойтахт.

“Ҷасади Шаҳноза Ғаффороваи 22-сола рӯзи 1 июн тахминан соати 16:00 дар соҳили дарёи Душанбе воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, каме дуртар аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2” дарёфт шуд”, - зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷасади духтар аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст.

Зикр мешавад, ки Шаҳноза Ғаффорова сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт буда, рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ аз беэҳтиётӣ ба дарёи Варзоб ғарқ мешавад ва то ба ин рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31 май низ дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади як марди 45-50 сола дарёфт шуда буд. Шахсияти мард то ҳол маълум набуда, сабабҳои маргаш таҳқиқ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.