Шаби 1-ум ба 2-юми июн дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон оташ гирифт. Хабарнигори "Азия-Плюс", ки баъди сар задани оташ дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, хабар медиҳад, ки аз рӯйи мушоҳидаҳо наздики 50% бозор оташ гирифт.
Бино ба иттилои аз қисми навбатдории Раёсати оташнишонии РВКД дар вилояти Хатлон соати 22:20 1-уми июни соли 2022 аз сӯхтор хабар расидааст.
Дар натиҷаи ин сӯхтор 12 нафар аз ҳисоби оташнишонон ва шаҳрвандони мулкӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд, ки вазъи яке аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Як манбаъ дар Паёсати тандурустии вилояти Хатлон аз ин нафар соҳибкори 52-сола Сафаров Маҳмад ном бурд, ки дар бемористони Қарияи Болои Бохтар бистарӣ шудааст, ки гуфта мешавад наздик ба 90 дар сад сӯхтааст.
Бино ба ҳисоби пешаки ба беш аз 20 соҳибкори зарари бузург расидааст.
Аксҳои замони сӯхтор, нимашаби 1 ба 2-юми июн.
Раёсати оташнишонии РВКД мегӯяд, ки баъди сар задани сӯхтор ҷойи ҳодиса ҳодиса беш аз 20 мошини оташнишониро сафарбар кард, ки барои нишондани оташ соатҳо талош кардаанд.
Бино ба мушоҳидаҳои хабарнигори "Азия-Плюс" соҳибкорони бозор шабона хеле талош карданд, ки молу колои худро наҷот диҳанд, аммо дар қисмате, ки оташ ҳамаҷоро фаро гирифта буд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибкорон ба хотири бехтариашон иҷозаи вуруд надоданд.
Аксҳои субҳи 2-юми июн, пас за хомӯш кардани сӯхтор.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста