Субҳи имрӯз, 20 июн дар Қаҳвахонаи «Лола» -и пойтахт гази моеъ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба иттилои ВКД, таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи мазкур бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқа ба вуқуъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт.
Дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ҷароҳати сӯхтаи бадан бардоша, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор аз тарафи оташнишонон базудӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.
Қаҳвахонаи «Лола», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, ба соҳибкор Додхоҳ Муродалиев, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад.
Санҷиши сабабҳои сар задани сӯхтор дар қаҳвахона аз тарафи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.
Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш
Теъдоди рекордии мусофирон дар аввалин қатораи Кӯлоб-Волгоград
Семён Григорев - сафири нави Русия дар Тоҷикистон
Нигаронии Русия дар мавриди ба Украина интиқол ёфтани чархболҳои аз Афғонистон рабудашуда
Тоҷирони Хатлон ва Сурхондарё ба маблағи 26,6 млн доллар созишномаҳо имзо карданд
Шумори қурбониёни таркиш дар бозори Ереван ба 16 нафар расид
Аз ҳисоби “андоз аз Google” Тоҷикистон аллакай беш аз 3,5 млн сомонӣ гирифт
Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд
Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад
Ҳалокати модару 2 кӯдакаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста