Дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон бар асари таркиши автобусе, ки бо газ фаъолият мекард, 6 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар ин бора Подробно.уз. бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.

"Дар ноҳияи Акалтини вилояти Сирдарё 18 август автобуси тамғаи "Исузу", ки пас аз хариди сӯзишворӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории газ ба ҳаракат баромада буд, таркид. Дар натиҷаи таркиш 6 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 15 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемиристон бистарӣ карда шуданд", - гуфта мешавад дар хабар.

Ба ҷойи ҳодиса ҳайати кормандони КҲФ – Ӯзбекистон ҳозир шуда, сабабҳои ҳодисаи рӯйдодаро таҳқиқ менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.