Шаби 1 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як садамаи маргбор рух дод.

 «Сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Хуҷанд бо мошини «Опел-Астра G» идораи нақлиётро аз даст дода, ба чуқурии 15-20 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ).

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ҷасади ронандаро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш, 31-уми август бар асари як садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 нафар ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, садама дар ҳудуди минтақаи Чоре, дар наздикии пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд рух додааст.

Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини деҳаи Сурхи шаҳри Исфара тааллуқ дорад, ба ҷарии тақрибан 35-40 метр сарозер шудааст. Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст.

Гуфта мешавад, ки сабаби садама дақиқан маълум набуда, ба эҳтимоли зиёд аз баланд будани суръати ҳаракат ронанда натавонистааст мошинро идора кунад.

Дар натиҷа се мусофири мошин ҳалок, ронанда ва як мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.