Теъдоди ҳалокшудагон аз заминларзаи 6,8 балл дар музофоти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин то 46 нафар расид.

Тавре ки Centralasia.media бо истинод ба Маркази шабакаи зилзиласанҷии Чин хабар медиҳад, таконҳо рӯзи 5 сетябр дар ғарби Ҳавзаи автономии Гардза-Тибет сабт шуда, маркази заминларза дар чуқурии 16 километр ва дар 39 километрии минтақаи Лудин воқеъ будааст.

Маълумот дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ тадриҷан дастрас мешавад. Дар Ганза 29 нафар ва Яан - 17 нафар ҳалок шуда, 16 нафар шаҳрвандон бедарак шудаанд.

Сурат: DW

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин даъват намудааст, ки барои наҷоти осебдидгагон ҳамаи талошҳо ба харҷ дода шаванд.

Дар масоҳати 20 км аз маркази заминларза 39 ҳазор нафар, 50 километр - 330 ҳазор нафар ва 100 км - 1,55 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, таконҳои сахт ба хонаҳо зарар расонида, баъзе аз минтақаҳо бе барқ мондаанд. Ҳадди ақал аз ярчҳои бар асари заминларза фаромада як шаҳр осеб дидааст.

Сурат: DW

Роҳ ба дигар шаҳр баста шуда, хатҳои алоқа дар минтақаҳое, ки дар он ҷойҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар иқомат доранд, канда шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои Гарза ва Яан аз заминларза баъзе неругоҳҳои барқӣ аз кор баромадаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.