Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки мошини ҳомили газ ба автобуси ширкати Asian Express, ки мусофиронро ба Хуҷанд мебурд, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини интиқолдиҳандаи газ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, тибқи иттилои КҲФ “дар дохили автобус мусофирони зиёд буданд ва ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафар маҷруҳ шудаанд”. “Ҳоло интиқоли мусофирон аз автобус идома дорад", - гуфтанд аз КҲФ.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар километри 46-уми роҳи Душанбе-Чаноқ, дар натиҷаи садама, мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ таркидааст. Аз ин сабаб, дар айни ҳол роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан баста аст.

Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, навишт, ки ҳодиса субҳи имрӯз, 6-уми сентябр, рух дода, нақлиёти интиқолдиҳандаи гази моеъ бинобар аз кор баромадани дастгоҳи боздорандаи ҳаракат (тормоз) ба садама дучор шудааст ва дар натиҷа, таркиш ба амал омадааст.

“Вобаста ба ин, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид”, - омадааст дар иттилоя.

Дар бораи то кай баста будани роҳ ба таври мушаххас хабар дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.